Худдифоӣ: навбати ҳунарнамоии мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо

Обуна шудан
Дар қисмати ниҳоии мусобиқоти ҷаҳонии риштаи таэквандо дар барномаи selfdefence (худҳимоя) дастаи мунтахаби Тоҷикистон хуб ҳунарнамоӣ кард.

Новобаста аз баромади олӣ беҳтарин варзишгари даста, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо Далер Тӯраев рақибашро лат дод ва бо ин сабаб тими яккачини Тоҷикистон аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Сарфи назар аз ин ҳолат, мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондои ITF дар рақобати гуруҳии мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки 30 август дар Булғористон ба анҷом расид, мақоми севумро касб кард.

Лентаи хабарҳо
0