Ҳалокати як сохтмончии ҷавони тоҷик дар вилояти Ленинград

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузариш ба медиабонкСохтмончӣ аснои кор. Акс аз бойгонӣ
Сохтмончӣ аснои кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пораи арматура, ки аз крани сохтмонӣ ба поён уфтод, боис ба марги як муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия гардидааст.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар маҳалли сохтмони муҷтамаи маскунии мавсум ба "Лондон", воқеъ дар шаҳраки Кудровои ноҳияи Всеволожск (вилояти Ленинград) як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар ФР.

"Ба сари ин муҳоҷири ҷавон- Ҷасурбек Алпомишеви 23-сола пораи бетону арматура афтида, аз ҷароҳати бардошта, дар ҷои ҳодиса ҳалок гардидааст",-омадааст дар хабар.

Ҳоло масъулини намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия масъалаи ба ватан интиқол додани ҷасади муҳоҷири фавтидаро баррасӣ доранд.

Манбаъ мегӯяд, кормандони пулис ва нозирони меҳнат ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0