Моҳигирон Ҷейсон Фрост ва Брендон Ки дар яке аз рӯдҳои аёлати Алабамаи ИМА ду гурбачаро наҷот доданд.
«Мо дар дарёи Уорриор…, ҳеч боварам намеояд, ки ба назди мо кӣ шино карда омада истодааст. Ин пишакча аст!",- мегӯяд яке аз ин мардон.
Ба гуфти Фрост, дар ин гирду атроф дар масофаи чандин мил касе ба сар намебарад ва манзили истиқоматӣ ҳам нест. Ӯ чунин меҳисобад, ки шабона касе гурбачаҳоро дар ин наздикиҳо партофтааст, барои ҳамин онҳо зуд ба назди одамон-наҷотдиҳандагон шитофтаанд.
Сомонаи LoveMeow менависад, ҷавонон гурбачаҳоро баъди наҷотдиҳӣ хушк карда, бо ғизо таъмин намуданд ва онҳоро ба хона оварданд.