ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Як узви Горди миллии Украина дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш аз таркиши норинҷаке дар назди парлумони ин кишвар ба ҳалокат расида, 141 нафари дигар осеб диданд, аз ҷумлаи ҷароҳатбардоштагон 131 тан кормандони мақомоти қудратӣ мебошанд, иброз дошт сухангӯи ВКД Украина Артем Шевченко.
Ин ҳодиса рӯзи 31 август дар шаҳри Киев рух дод. Таҳқиқи пешакӣ нишон додааст, ки оҳанпораҳои бар асари таркиши норинҷак паҳншуда ба ин низомӣ асобат карда, боиси кушта шудани ӯ гардид. Таркиш ба ҳангоме рух дод, ки эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ дар майдон вориди задухӯрде шуданд.
Гуфта мешавад, қонуни нави қабулшуда аз сӯи Рада ба манотиқи шарқи Украина мухторияти бештар тақдим мекунад. Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков гуфт, як узви горди милии ин кишвар аз ҷароҳатҳое, ки дар натиҷаи таркиши норинҷаке дар назди парлумон бардоштааст, ба ҳалокат расид.
Эътирозгарон ба нишони норизоият аз тарҳи қонуни президент, ки дараҷаи мухторияти манотиқи шарқи Украинаро боло мебарад, ба хашм омаданд. Дар як овоздиҳии аввалияи парлумон, ки бар пояи созишномаи моҳи феврали Минск эҷод шудааст, аз тарҳи қонун 265 вакил пуштибонӣ кард.