Дар миёни Миррих ва Муштарӣ сайёрае “Тоҷикистон” ном гирифт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаIаҳодатномаи "сайёраи хурди системаи офтобӣ"-ро ба Эмомалӣ Раҳмон оқои Раҳимӣ тақдим кард
Iаҳодатномаи сайёраи хурди системаи офтобӣ-ро ба Эмомалӣ Раҳмон оқои Раҳимӣ тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сайёраи хурди системаи офтобӣ бо номи "Тоҷикистон" аз Замин дар 267 миллион километр ва Офтоб 450 миллион километр воқеъ буда, масоҳаташ 400 километр мебошад.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Имрӯз президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории Рӯзи сулҳу дониш дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб шаҳодатномаи "сайёраи хурди системаи офтобӣ"-ро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тақдим кард, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрофизикон як сайёраи хурди системаи офтобӣ ба хотири саҳми намоёни олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, Раҳимӣ аснои тақдими шаҳодатнома ба райисҷумҳур гуфт, мадори сайёраи Тоҷикистон дар миёни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, аз сайёраи Замин дар масофаи 250 миллион километр ва аз Офтоб дар масофаи 463 миллион километр дурӣ чарх мезанад. Як бор дар гирди Офтоб давр задани сайёраи Тоҷикистон 5 сол давом меёбад.

Ҳоло сайёраи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда, олимони тоҷик ба омӯзиши хосиятҳои физикиву химиявӣ ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд.  

Лентаи хабарҳо
0