Кӯлоб: Раҳмон аз донишҷӯён даъват кард, ки забон омӯзанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. 01 сентябри соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. 01 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ҷавононро ба омӯзиши амиқи технологияҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, ки тақозои замон аст, ҳидоят кард.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб президенти  Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ, ки ба таҷлили 70 — солагии Донишгоҳ рост омадааст, иштирок кард, менависад сомонаи райисҷумҳур.

Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои  замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ифтитоҳ намуда, аз шароити кории он аз наздик шинос шуд.

Ба иттилоъи манбаъ, корҳои сохтмонии бинои маъмурии донишгоҳ моҳҳои апрел — майи соли 2014 шурӯъ гардида, онро сохтмончиёни ширкати "Саддарё"-и Ҷумҳурии мардумии Чин ба итмом расонид. Корҳои андовакунӣ, рангубор, васлу насби чароғҳо, кашондани хатҳои интиқоли неруи барқ, хати оби нӯшокӣ, васл кардани дару тирезаҳоро 10 ширкати сохтмонии ватанӣ иҷро карданд.

Бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз 7 ошёна иборат буда, дар он толори васеи калони маҷлис барои 286 ҷойи нишаст, толори варзишӣ барои 104 ҷойи нишаст, ошхона барои то 200 ҷойи нишаст дар як баст, ду толори гузаронидани машғулиятҳо барои 70 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ ва синфхонаҳои лингофонӣ мавҷуд аст. Бино бо харҷи 37 миллион сомонӣ маблағ сохта шудааст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои омӯзиши забонҳои русию англисӣ, синфи компютерӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо шароити таълим шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқот кард ва ҷавононро ба омӯзиши амиқи технологияҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, ки тақозои замон аст, ҳидоят намуд.   

Лентаи хабарҳо
0