30 августи соли 2011 намояндаи китоби рекордҳои Гиннес Дэвид Чемберс ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сертификатеро супурд, ки тибқи он флагштоки Душанбе баландтарин милаи байрақ дар дунё маҳсуб мегардид.
Сутунпоя (милаи) парчами Душанбе бо 165 метр баландӣ дар моҳи сентябри соли 2011 дар Китоби рекордҳои Гиннесс ҷойгузини милаи парчаме шуд, ки қаблан дар Боку, пойтахти Озарбойҷон сохта буданд. Милаи парчам дар Душанбе низ аз тарафи ширкати амрикоии «Trident Support» бунёд шуда буд.
Ҳамин ширкат, ки ба сохтани чунин милаҳо ихтисос дорад, қаблан милаи 162-метрии парчам дар Боку, милаи 133-метрӣ дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ду милаи 132-метрӣ дар Ақабава 127-метрӣ дар Амони Урдун ва милаи 123-метрӣ дар Абӯ-Забӣ сохтааст.
"Чор сол боз ман дар ин ҷо кору фаъолият дорам, тайи ин муддат касе набудани парчамро надидааст. Мо оҷилан парчами дарида ва кӯҳнаро иваз мекунем. Масалан, шаби сешанбе ба чаҳоршанбе шамоли сахт вазида, парчамро дарронд. Бо супориши ман соати панҷи субҳ аллакай парчами нав дар мила насб гардид",- мегӯяд сарвари "Боғи парчами давлатӣ" Рамазон Назиров.
Умуман, ҳашт нафар бо милаи байрақ сару кор доранд, ҳифзи милаи парчамро бошад кормандони КДАМ ба зимма доранд.
"Милаи парчам — иншооти муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ҳарчанд он ба ба бахши фарҳанг ҳам дахл дорад. Ин рамзи давлат ва обрӯи мамлакат аст",- илова кард Назиров.