Сафари муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА ба Тоҷикистон

© Официальная страница МИД РТ в FacebookДаниэл Розенблум. Акс аз бойгонӣ
Даниэл Розенблум. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин сафар дипломати амрикоӣ бо мақомоти расмии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кунад.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дэниэл Розенблюм, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА оид ба давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ бо сафари кории чаҳоррӯза вориди Душанбе шуд, менависад сомонаи вазорати хориҷа.

Бино ба иттилои департаменти иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Розенблум шоми 30-юми август вориди Тоҷикистон шуд, ки сафари кории ӯ то 3-юми сентюбр идома меёбад.

Дар ин сафар дипломати амрикоӣ бо мақомоти расмии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кунад.

Дэниэл Розенблюм аз Тошканд вориди Душанбе мешавад. Ӯ дар сафараш ба Ӯзбакистон аз президенти ин кишвар Ислом Каримов хостааст, ки барои муқобала бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба  Эътилофи байналмилалии зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шавад.

Ӯ гуфтааст, ки Ӯзбакистон худ тасмим мегирад, ки ба кадом шева ба этилоф кӯмак мекунад: бо нерӯҳои ҳарбӣ мусоидат мекунад, ё бо сармоягузорӣ ба ситезаҷӯён муқобала мекунад, инчунин метавонад аз интиқоли ҳаводорони "Давлати исломӣ" аз марзҳо пешгирӣ кунад.

Ҳоло Ӯзбакистон ба пешниҳоди ИМА посух надодааст.

Сафари дипломати амрикоӣ ба Тоҷикистон баъди чаҳор рӯзи дидори Президент Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Остин III сурат мегирад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 27-уми август Президент Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Ллойд Остин III масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону ИМА, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавиро баррасӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0