Маблағи ҷамъоваришударо Мунира мехоҳад барои туйи худаш сарф кунад

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои пизишк шудани Мунира Мирзоева маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо вай мехоҳад ин маблағро барои тӯйи арӯсӣ сарф кунад.

"Мехостам пизишк шавам, вале ин орзу амалӣ намешавад, зеро ба зудӣ ман издивоҷ мекунам. Духтар ки калон шуд, дар борааш сару садоҳо паҳн мешаванд. Ба ҳамин хотир мехоҳам издивоҷ кунаму аз ин ҳолат берун оям",- гуфт Мунира.

Пойгоҳи ҷамъоварии маблағ дар сомонаи #‎Gofundme таъсис шудааст. Ҷамъоварии мабдағ ба ибтикори Фарангис Сафарзода шурӯъ шудааст. Тибқи навиштаҷот дар ин пойгоҳ то ҳол алаккай $800 ҷамъоварӣ шудааст. Дар сафҳаи худ дар Facebook Сафарзода навиштааст, ки мехоҳад барои амалӣ шудани орзуи Мунира барои омӯзиши тиб кӯмак кунад.

"Ҷамъоварии маблағ барои ин духтараки ҷавонро бад ин манзур ташкил кардам, ки омӯзиш барои ин духтараки ҷавон муҳим мебошад, зеро дар ин сурат ҳамаи дарҳо дар наздаш кушода мешаванд", — зикр кардааст Сафарзода.

Дар ҳамин ҳол ошкор шудааст, ки Мунира дар мактаб таҳсил накардааст ва санади хатми мактаби миёнаро надорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0