Дар Аморат барои бори нахуст аз Рӯзи миллии бонувон ҷашн мегиранд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗани арабӣ дар бурҷе дар Дубай
Зани арабӣ дар бурҷе дар Дубай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин ҷашн қабл аз ҳама ба бонувони марбут ба бахши низомӣ бахшида мешавад.

ДУШАНБЕ, 28 авг 2015 — Sputnik. Рӯзи ҷумъа дар АМА барои бори нахуст дар таърих Рӯзи бонувони аморатӣ ҷашн гирифта мешавад ва маросими ҷашнӣ дар куллияи қаламрави кишвар таҷлил мешавад.

Таваҷҷӯҳи вижа ба модароне мешавад, ки фарзондони низомиашон дар амалиёт алайҳи хусиҳо дар Яман кушта шудаанд. Бузургдошти модарон ҷузъе аз ин ҷашнгирӣ мешавад.

Саҳифагардонӣ: занон корҳои ҳарбӣ меомӯзанд

Ба гуфтаи шайх Фотима бин Муборак, раҳбари сандуқи рушди хонавода, нахустин рӯзи бонувон дар АМА дар соли ҷорӣ қабл аз ҳама ба модароне бахшида мешавад, ки бо умури низомӣ рабт доранд. Вай зикр кард, ки "ин рӯзи таърихӣ барои модаронест, ки барои миллат ҷони фарзандони худро қурбон кардаанд", иқтибос овардаанд аз суханони вай нашрияҳои АМА.

Занон дар АМА ба таври ихтиёрӣ дар суфуфи нерӯҳои мусаллаҳ, аз ҷумла нерӯҳои ҳавоӣ, хидмат мекунанд.

Феълан чаҳор хонуми аморатӣ дар симмати сафир, аз ҷумла дар вазифаи намояндаи АМА дар СММ ифои вазифа мекунанд.

Дар гузориши вижаи ВКХ АМА зикр шудааст, ки аз куллияи кормандони ниҳодҳои давлатӣ 66% занон мебошанд. Дар ҳамин ҳол 30% онҳо дар вазифаи раҳбарӣ кор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0