ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИА) мухолифат надорад, аммо коршиносони маҳаллӣ ва мақомот машварат медиҳанд, ки дар ин амр набояд шитобкорӣ кард ва мисли Қирғизистон бояд шартҳои худро гузорад, менависад хабаргузории "Авеста".
Ҳамоише, ки дар он мавзӯъи пайвастани Тоҷикистон ба ИИА баррасӣ шуд, 27 август дар чаҳорчӯби ҷаласаи навбатии маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" сурат гирифт.
Ин нуқтаро, ки дар сиёсат мафҳуми "бародарӣ" вуҷуд надорад ва ҳар яке дар ҳар созмон аз манофеъи худ дифоъ мекунадро ҳуқуқдон ва фаъоли ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова изҳор дошт. Вай шакк надорад, ки Тоҷикистон дар мавриди пайвастан ба ИИА набояд шитоб кунад.
"Бояд як нуқтаро мушаххасан дарк кард — дар сиёсат "бародарӣ" нет, на "бародари бузург" ва "кӯчак". Манофеъ ҳастанд ва қабл аз пайвастан ба ИИА мо бояд куллияи паҳлӯҳоро ба инобат гирифта манофеъи мардумро аз мадди назар дур насозем. Ба суфуфи ин созмон ба сурати фаннӣ набояд шомил шуду пойбани мантиқи "ҳама шомил шуданд ва ман ҳам бояд шомил шавам" бошем", — зикр кард Бобоназарова.
Вай ба ин нукта ишора кард, ки ба Қирғизистон барои пайвастанаш ба ИИА пардохти як миллиард доллар ва бахшидани қарзҳояшро ваъда дода буданд.
"Дар мавриди мо гуфтаниам, ки мо зиёд эҳсосӣ ва зудбоварем. Мегӯем: "Русия моро ҳифз мекунад". Вале дар асл моро танҳо худамон метавонем дифоъ кунем. Вақте ман чунин мавзеъгирӣ мекунам, лутфан маро душмани Русия муъаррифӣ накунед. Раҳбари кори илмии ман рустабор буд. Ман нисбати миллати рус эҳтиром қоилам", — тавзеъ дод вай.
Муъовини расии Маркази пажӯҳишҳои стратегӣ Сайфулло Сафаров муътақид аст, ки пайвастан ба ИИА ба "гурези ақлҳо" мунҷар мешавад ва ин боъиси пастравии иқтисоди миллӣ хоҳад шуд.
"Бояд мадди назар дошт, ки дар канори масоили иқтисодӣ масоили сиёсӣ низ вуҷуд доранд. Зимни гирифтани тасмимоти стратегӣ мо набояд мардумро сарфи назар кунем. Моро зарур аст мавқеъи устувор ва шароити пайвастан ба ин созмонро дошта бошем", — гуфт Сафаров.
Ин нуқта, ки дер ё зуд Тоҷикистон барои пайвастан ба ИИА водор мешавад, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисодӣ изҳор дошт. Вай зикр кард, ки ин амр ба афзоиши мизони сармоягузорӣ ба кишвар аз кишварҳои узви ин Иттиҳод мунҷар мешавад.
"Бо дарёфти "ҳаққи узвият" дар ИИА Тоҷикистон имтиёзоти зиёдеро соҳиб мешавад. Бештаре аз мушкилоти бахши муҳоҷирати корӣ ҳалли худро дарёфт хоҳанд кард. Мо набояд ба ИМА ва Ғарб умедворӣ дошта бошем. Шартҳое, ки он пеш мегузоранд, ғайри қобили кабуланд", — таъкид кард иқтисоддон.
Русия, Қазоқистон, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон аъзои ИИА мебошад. Ин иттиҳод кишварҳоро барои бозсозии кулл, ҳамгиройӣ ва боло бурдани зарфияти рақобатпазирии иқтисодҳои миллӣ, фароҳам кардани шароит барои рушди бонизом барои ҳадафи боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолии кишварҳои узв гирдиҳам овардааст.