Гузориши расонаҳои ҷаҳонӣ аз қазияи “зодрӯзи Амирбек”

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкТорти "Елена". Акс аз бойгонӣ
Торти Елена. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳои русӣ ҳам дунболи ин хабар буданд ва аксари хабаргузориву торнамоҳои Русия ҷарима шудани Исоевро барои чанд муддат дар рӯйхати хабарҳои муҳими рӯзашон ҷойгузин карданд.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҷарима шудани Амир Исоев, як ҷавони тоҷик барои ҷашн гирифтани рӯзи мавлудаш берун аз хона, номи Тоҷикистонро ба сархати расонаҳои маъруфи ҷаҳон кашонд, менависад хабаргузории "Озодагон".

Дар Душанбе барои ҷашни зодрӯз 600 доллар ҷарима карданд

Расонаҳое ба монанди "The Telegraph","Daily Mail", "Global Post", "BBC", "The Week", бахши инглисии "Радиои Озодӣ"-ву чандеи дигар ба ин мавзуъ пардохтаанд.

"Пои Амирбек Исоев ба додгоҳ кашида шуд. На барои он ки ҷашнгирии рӯзи мавлудаш ҳамсояҳоро аз хоб бедор кард, балки зодрӯзро дар ҷойи умумӣ таҷлил кард", — навиштааст "The Telegraph".

"Баргузории рӯзи мавлуд метавонад қонунеро дар Тоҷикистон нақз кунад, ки анъанаҳои мардумро танзим ва аз хароҷоти беш аз ҳадд ҷилавгирӣ мекунад", — хабар додааст "Daily Mail", як расонаи маъруфи дигари бритониёӣ.

"The Week" бошад навиштааст, ки "Амирбек Исоев танҳо нафаре нест, ки зери нақзи ин қонун монда бошад". Ин расона дар пайванд бо ин хабар аз қавли расонаҳои тоҷикӣ навиштааст, "соли 2014 қонуни мазкур 394 маротиба нақз шудааст".

Расонаҳои русӣ ҳам дунболи ин хабар буданд ва аксари хабаргузориву торнамоҳои Русия ҷарима шудани Исоевро барои чанд муддат дар рӯйхати хабарҳои муҳими рӯзашон ҷойгузин карданд.

Амирбек Исоев, 10 июли соли равон аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои нақзи қонуни танзими расму ойин ва маросимҳо 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ӯ пас аз гузоштани чанд акс дар Фейсбук ба додситонӣ даъват шуда, онҷо алайҳаш парвандаи маъмурӣ кушоданд.

Лентаи хабарҳо
0