Ҳамоиши додситонҳои кулли кишварҳои аъзои ИДМ дар Остона

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПойтахти Қазоқистон- Остона. Акс аз бойгонӣ
Пойтахти Қазоқистон- Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии додситонҳои кишварҳои аъзои ИДМ 18 масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки ба фаъолияти кории Котиботи Шӯро, ҳамкории он бо дигар ниҳодҳои сохтории Котиботи иҷроияи ИДМ, тақвияти мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният марбут мебошанд.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Дар ҷаласаи мазкур 18 масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки ба фаъолияти кории Котиботи Шӯро, ҳамкории он бо дигар ниҳодҳои сохтории Котиботи иҷроияи ИДМ, ҳисоботи солонаи он, интихоби Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии кишварҳои аъзои ИДМ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният марбут мебошанд.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳамчунин дар ин ҳамоиш қарорҳои дахлдори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ду Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои ИДМ бо Шӯрои роҳбарони мақомоти разведкаи молиявии кишварҳои аъзои ИДМ ва Шӯрои роҳбарони мақомоти тафтишоти андозии (молиявии) кишварҳои аъзои ИДМ ба имзо расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0