ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Киев бо қарздиҳандаҳо дар бораи бахшидан ва ё муъофи 3,8 миллиард доллар аз 19,3 миллиард доллари қарзҳои умумӣ ба тавофуқ расид ва замони бозпардохти қисмати боқимонда то ба солҳои 2019-2027 тамдид карда шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба матлаби нашрияи "Новое время".
"Тибқи ин қарордод пешбинӣ шудааст, ки мизони қарзҳои кишвари соҳибистиқлол ва таъйиншудаи давлатӣ 20% коҳиш меёбад ва ин амр имкон медиҳад, ки мизони қарзҳо 3,6 миллиард доллар поён бурда шавад (3,8 миллиард доллар дар сурате, ки агар чунин пойинравии мизони қарзҳо бо қарзҳои аз сӯйи давлат таъйиншудаи ва евробондҳо ҳамоҳанг карда шаванд)", — омадааст дар матни санад, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд.
Дар санад зикр мешавад, ки ин амр имкон медиҳад қарзҳои тиҷоратии Украина ва ҳамчунин қарзҳои аз сӯйи давлат таъйидшуда ва қарзҳои таъйиди квазӣ аз 19,3 миллиард доллори феълӣ то 15,5 миллиард доллар поён бурда шавад.
Суди қарзҳо аз 7,22% қаблӣ то 7,7% коҳиш меёбад.