Бонки ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмакӣ фаннӣ мекунад

© Commons.wikimediaҚароргоҳ (дафтари марказӣ)-и Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ
Қароргоҳ (дафтари марказӣ)-и Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки масъалаи кӯмакҳои техникӣ бароии тавсеъаи инфраструктураи Бонки миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии ҳал қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд, менависад сомонаи БМТ.

Дар ин нишаст вазъи молиявии минтақа ва ҷаҳон, таҳдидҳои молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, рушди бахши молиявӣ ва ҳолати татбиқи пешниҳодҳои Барномаи баҳодиҳии бахши молиявӣ барои соли 2015, ҳамчунин пешниҳоди кӯмаки техникӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.

Доллар - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои 4 тарҳ ба Тоҷикистон $ 47 млн ихтисос медиҳад

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки масъалаи кӯмакҳои техникӣ бароии тавсеъаи инфраструктураи Бонки миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии ҳал қарор дорад.

Аз ин пештар ҳам хабар дода мешуд, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон  дар доираи сафари ҳайати намояндагони Бонки рушди Осиё ба кишвар, ки қарор аст то 28-уми август идома ёбад, ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории арзёбии хавфи миллӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни ин ҷаласа дар радифи масоили дигар кумаки техникӣ ба Бонки миллии кишвар барои таҳкими мубориза бо пулшӯӣ ва қонунигардонии сармояҳои ғайриқонунӣ баррасӣ шудааст.   

 

Лентаи хабарҳо
0