Дастнависи намоишномаҳои нашрнашудаи Агата Кристӣ ошкор шудаанд

© APНависанда Агата Кристӣ. Акс аз бойгонӣ
Нависанда Агата Кристӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агата Кристӣ яке аз муаллифони саршиноси насри иктишофӣ буда беш аз 60 романҳои иктишофӣ мунташир кардааст. Китобҳои вай бо теъдоди беш аз 4 миллиард нусха ба беш аз 100 забонҳо мунташир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Даҳ намоишномаи номаълуми Агата Кристиро сармоягузори бритониёии арсаи театр Ҷулиус Грин ошкор кардааст, менависад хабаргузории REGNUM.

Инҳо панҷ намоишномаи комил ва панҷ драмма дар як намоиш мебошанд, ки қаблан номаълум ва ё фаромӯшшуда буданд.

Ба ҷуз аз ин номаҳои қаблан мунташирнашудаи нависанда пайдо шудаанд. Маводди пайдошуда то ҳол дар бойгониҳои мухталиф маҳфуз монда буданд ва ҷаноби Грин ба бойгонии хонаводагии Кристӣ дастрасӣ пайдо кардааст.

Бинои Иттиҳоди адибони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди адибон соҳибони ҷоизаи “Падида”-ро мушшахас кард

Намоишномаҳои пайдошуда ба китоби таҳия шуда истодаи "Парда: Агата Кристӣ — Зиндагӣ дар театр" шомил мешаванд, хабар медиҳад The Daily Mail.

Хонум Агата Мэри Кларисса Маллоуэн, ки бештар бо исми хонаводагии шавҳари аввалаш ҳамчун Агата Кристӣ саршинос аст, 15 сентябри соли 1890 таваллуд шудааст.

Вай яке аз муаллифони маъруфи насри иктишофӣ ва яке аз нависандаҳоест, ки дар таърихи башарият (баъд аз Библия ва Шекспир) осораш бештар мунташир шудаанд.

Кристӣ беш 60 романи иктишофӣ, 6 романи равонӣ (зери исми мустаъори Мэри Уэстмакотт ва ё Вестмакотт) ва 19 маҷмӯъаи ҳикоёт мунташир кардааст.

Китобҳои вай бо теъдоди беш аз 4 миллиард нусха ба беш аз 100 забонҳо мунташир шудаанд.

Вай ҳамчунин миқдори бештари намоишномаҳо аз рӯйи асарҳояшро соҳиб аст. Намоишномаи Агата Кристӣ "Мушқапак" барои бори нахуст соли 1952 намоиш дода шуда то ҳол пайваста дар намоиш аст.

Ин нависандаи бритониёӣ 12 январи соли 1976 фавтидааст.

Лентаи хабарҳо
0