Дар Қундуз раҳбари гуруҳи террористии «Ҷундуллох» кушта шуд

© Sputnik / А. Соломонов / Гузариш ба медиабонкМаросими ҷанозаи пешвои паштунҳо Абдул Ғафурхон
Маросими ҷанозаи пешвои паштунҳо Абдул Ғафурхон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти махсуси Афғонистон раҳбари гуруҳи ифротгарро, ки алайҳи ҳукумати ин кишвар меҷангид, нобуд кард. Ин гуруҳи террористӣ дар куштани даҳҳо шаҳрванди мулкӣ даст доштаанд.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ панҷ тан аз ҷангҷуёни гуруҳи ифротии «Ҷундуллоҳ» бо шумули Қорӣ Ғулом Ҳазрат, раҳбари ин гуруҳ кушта шуданд. Дар ин бора сомонаи Afghanistan.ru хабар додааст.

Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мулло Умар, раҳбари Толибон ду соли пеш мурдааст

Ба иттилои пойгоҳи хабарии « Khaama Press» ин  амалиёти низомӣ баъд аз зуҳр дар вулусволии Чаҳордара гузаронида шудааст.

Ҳамроҳ бо раҳбари гуруҳ се тан аз муҳофизонаш ҳам кушта шудаанд.

Гуруҳи «Ҷундуллоҳ»  дар вилояти Қундуз яке аз неруҳое маҳсуб мешуд, ки бо ҳукумат набард мекард. Ин гуруҳ дар қатли дастикам даҳҳо шахрванди ғайринизоми (мулкӣ) муттаҳам дониста шудааст.

Бояд қайд кард, ки Қорӣ Ғулом Ҳазрат инчунин яке аз раҳбарони гуруҳи ифротгарои «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» дониста мешавад. Ёдовар мешавем, ки ҲИӮ бо созмони террористии "Толибон"  ҳамкории фаъол дошт, вале баъдан ба ҷонибдории гуруҳи «Давлати исломӣ» гузашт.

Лентаи хабарҳо
0