ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Имрӯз дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон инфиҷори шадиде дар лӯлаи интиқоли газ рух до дар пайи он 16 нафар осеб дидаанд, хабар медиҳад CA-NEWS бо истинод ба шоҳидони ҳодиса.
«Тақрибан соъати 21:00 ба вақти маҳаллӣ дар лӯлаи интиқоли гази «Янгиер-Тошканд» дар қаламрави ноҳияи Юкоричирчики вилояти Тошканд инфиҷор рух дод», — омадааст дар хабар.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, шиддати инфиҷор то ҳадде буд, ки шишаи тирезаҳо дар манозил дар ҳудуди ду километр меларзиданд. Оташсӯзиеро, ки баъд аз инфиҷор сурат гирифт, дар масоҳати хеле дур аз лӯлаи интиқоли газ дида мешуд.
Ниҳодҳои интизомии кишвар, ба навиштаи хабаргузорӣ, дар бораи адами осебдидагон иттилоъ додаанд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки 16 нафар барои кӯмаки пизишкӣ муроҷиъа кардаанд. Дар маҳалли оташсӯзӣ алангаи оташ ба мазореъи кишоварзӣ гузаштааст.
Ба иттилоъи Радио Озодлик барои муқобала бо оташ куллияи нерӯҳои оташнишонии ноҳия ҷалб шудаанд ва барои кӯмак ба онҳо ҳамтоёнашон аз Тошканд ва Чирчиқ низ расидаанд. То субҳи рӯзи сешанбе маҳалли оташсӯзӣ маҳдуд карда шу два умури оташнишонӣ идома дорад.