ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар пойтахт 45 гуруҳи таблиғотӣ барои ҷилавгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таъсис ёфта, баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон ҳадафи аслии ин гурӯҳҳо унвон мешавад, иброз дошт Шавкат Саидов, сухангӯи мири пойтахт.
"Гуруҳҳои таблиғотӣ бобати баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон нисбати пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа мулоқоту вохӯриҳои мақсаднок ба роҳ мемонанд",- афзуд Саидов.
Ин чилу панҷ гуруҳ дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе тақсим шуда, фаъолияти худро аз соати 18:00-и шоми 27 августи соли равон оғоз хоҳанд кард. Дар ноҳияи Сино-15 ва дар се ноҳияи дигар мутаносибан 10 гуруҳӣ кор хоҳанд кард.
Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз тамоми сокинони пойтахти Тоҷикистон даъват кардааст, ки бидуни бетарафӣ, алайҳи дилхоҳ зуҳуроти номатлуби бегонаи фарҳангию адёнӣ, ки ғаразҳои рахнасозии суботу ҳамзистиро бо василаҳои гуногуни таъсиррасонии иттилоотӣ ҳадаф доранд, бо масъулияти томи ватанхоҳона тамоми нерӯ ва потенсиали мавҷудаи хешро сафарбар намоянд.