“Амонатбонк” ба истиқболи Рӯзи истиқлол иқдомот баргузор кард

© Sputnik / Амир ИсаевДар назди дафтари марказии "Амонатбонк" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Дар назди дафтари марказии Амонатбонк дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баланд бурдани донишҳои молии мардум ва истифодаи фаъол аз хадамоти бонкӣ аҳдофи ин иқдом унвон шудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бахшида ба истиқболи Рӯзи истиқлол "Амонатбонк" дар Тоҷикистон иқдомоте анҷом бидод, менависад АМИТ "Ховар".

Дар ин иқдом 200 нафар кормандони бонк ширкат карда аҳдофи он баланд бурдани донишҳои молии аҳолӣ ва ҷалби онҳо барои истифодаи фаъол аз хадамоти бонкӣ унвон шудааст, омадааст дар хабар.

Миёни мардум маводди таблиғотӣ дар бораи хадамоти бонкӣ тавзеъ шуда умури фаҳмонидани имкони гузоштани пасандозҳо ва шароити гирифтани қарзҳо анҷом дода шудааст.

Ҳамчунин ба муштариёни эҳтимолӣ иттилоъи комил дар бораи наҳваи истифодаи кортҳои бонкӣ, боз кардани суратҳисобҳо, интиқоли маболиғ ва хадамоти дигари бонкӣ ироъа шудааст.

Лентаи хабарҳо
0