ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як муҳоҷири тоҷик барои рафтори ҷавонмардонааш сари забони расонаҳои маҳаллӣ уфтодааст, менависад сомонаи Екатеринбург Он-Лайн.
Равшан, ки собиқаи тӯлонии ронандагӣ дораду ҳоло дар як микроавтобуси шаҳрӣ кор мекунад, даст ба амале зад, ки бисёриҳоро ҳайратзада кард.
Ба навиштаи сомона, шоми якшанбеи гузашта Равшан дар мошинаш сумкаеро пайдо кард, ки дар дохилаш либос ва як лифофа буд. Дар дохили лифофа тақрибан 850 ҳазор рубл (бештар аз 12 ҳазор доллар) маблағ ва дар рӯи он суроғаву исми як нафар навишта шуда буд. Баъди ду рӯзи интизорӣ Равшан ба ҷустуҷӯи соҳиби пул рафт ва вақте дид, ки ин моли як ҷуфти пири лолу гунг будааст, дар ҳайрат монд. Баъди санҷидани миқдори пул ва ҳам нақдинаҳо, ӯ бовар ҳосил кард, ки соҳиби пул онҳоянд ва маблағро ба дасти соҳибонаш супурд.
Равшан аз гирифтани подоши хизматаш ва ҳатто "таксипулӣ" сарпечӣ кардааст. Баъди ин худи ҷуфти пиронсоли рус ба раҳбарияти ӯ паёми телефонӣ — СМС ирсол намуда, аз рафтори Равшан изҳори сипос кардаанд.
Муҳоҷири кории тоҷик Равшан дар сӯҳбат бо сомонаи Екатеринбург Он-Лайн гуфтааст, ки агар ҷавон мебуд, шояд ин пулро аз худ мекард, вале ҳоло аз таҷрибаи рӯзгор медонад, ки моли бегона ҳаром аст ва ба касе насиб намекунад. Ӯ афзудааст, ки мусалмон аст ва наметавонад ба моли каси дигар даст дароз кунад.