ФФТ: Дилшод Ҷӯраев муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуд

© Официальный сайт ФФТҶаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз интихоб шуданаш ба ин симмат Дилшод Ҷӯраев гуфтааст, талош мекунад боварии кумитаи иҷроияро бароварда созад ва ҳамроҳ бо дастгоҳи Федератсия корҳои назаррасе анҷом хоҳад дод/

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст, омадааст дар хабари сомонаи ФФТ.

"Интихоби Дилшод Ҷӯраев дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ рӯзи 24 август сурат гирифт",-менависад манбаъ.

Пас аз интихоб шуданаш ба ин симмат Дилшод Ҷӯраев гуфтааст, талош мекунад боварии кумитаи иҷроияро бароварда созад ва ҳамроҳ бо дастгоҳи Федератсия корҳои назаррасе анҷом хоҳад дод.

Дар ҷаласа инчунин таъкид гардид, ки бо тасмими президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ масъулияти дабири кулли ин ниҳод ба дӯши муовини аввали раис Хуршед Мирзоев гузошта шуд.

Тайи чанд соли ахир роҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистонро Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии мубориза алайҳи фасод, писарбузурги президенти кишвар ба зимма дорад.

Лентаи хабарҳо
0