Путин ба хабарнигори ИТАР ТАСС дар Тоҷикистон ҷоиза тақдим кард

© Предоставлено Галиной ГридневойГалина Гриднева. Акс аз бойгонӣ
Галина Гриднева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар қатори хабарнигорони дигар раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба Галина Гриднева унвони “Ходими шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия”-ро эъто кард.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Федератсияи Русия Владимир Путин ба гурӯҳе аз журналистони рус бо шумули хабарнигори ИТАР ТАСС дар Тоҷикистон Галина Гриднева ҷавоизи давлатӣ эъто кард, менависад хабаргузории "Авеста".

Дар қатори хабарнигорони дигар ба вай унвони "Ходими шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия" эъто шудааст.

Галина Гриднева собиқадори хабарнигории Русия буда, шомили феҳрасти хабарнигорони варзидаи ИТАР ТАСС аз соли 1992 мебошад.

Ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ Галина Гриднева зимистони соли 1996 ҳамроҳ бо хабарнигори хабаргузории "Интерфакс" Сурайё Собирова, хабарнигори НТВ Одилҷон Ашӯров ва наворбардор Бобоҷон Туганов аз сӯйи фармондеҳи гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ Баҳром Содиров гаравгон гирифта шуда буд. Бо талоши ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи хабарнигорон озод шуда буданд.

Барои қаҳрамонӣ ва шуҷоат зимни адои вазифаҳои хидматӣ ва шаҳрвандӣ дар солҳои даргириҳо дар Тоҷикистон дар соли 1996 Галина Гриднева бо фармони раиси ҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин бо нишони Шуҷоат сарфароз шуда буд.

Гриднева соҳиби чанд ҷавоизи озмунҳои русиягӣ низ мебошад. Вай бо тахассусияти баланд, дарки амиқи вазъ, равандҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ дар кишвари ҳузураш фарқият дошта матолиб таҳия мекунад.

Ба унвони яке аз собиқадорони хабарнигории русизабони Тоҷикистон Галина Гриднева то замони истихдомаш ба хабаргузории ИТАР ТАСС тӯли 15 сол дар ТоҷикТА (феълан АМИТ "Ховар") ифои вазифа кардааст.

Лентаи хабарҳо
0