Тайи панҷ рӯзи ахир дар Душанбе тарроҳони тоҷик маҳсули корашонро ба тамошобинон муаррфи карданд. Аксари онҳо либосҳои миллиро ба таври муосир ороиш дода, ба дӯстдорон мӯд пешниҳод намуданд.
Дар охир тарроҳи душанбегӣ Хуршед Сатторов либосҳоеро, ки бо тарҳи вижа омода карда буд, ба ширкатдорони ҷашнвораи "Ҳафтаи мӯди Душанбе" пешниҳод сохт.
Матоъҳои шарқии атласу адрас ва дигар намудҳои он ки чандин солҳо аз беҳтарин навъи матоъҳо ба шумор мераванд, аз ҷониби тарроҳон бо сабку усули хос дӯхта шуда, ороиш ёфта буданд.
Ин анъанаро Хонаи мӯди "Ikat House" дарк карда, ба тамошобинон маҳсулоти омодакардаашро аз қабили ҷомаву курта, либосҳои мухталиф пешниҳод сохт, ки қаблан онҳоро дар сандуқҳои бибиҳо дарёфт кардан мумкин буд.
Либоси миллии Помир, ки аз риштаи сурхи абрешимӣ ва матоъи сафед аз ҷониби тарроҳ Нафиса Имронова омода шуда буд, таваҷҷӯҳи аҳли толорро ба худ ҷалб кард. Ба қавли ӯ, бо чунин тарз омода кардани либоси вижа на фақат зебогии онро меафзояд, балки то дергоҳ дар хотири бинанда боқӣ хоҳад монд.
Мағозаи брендии "I am different" низ коллексияи либосҳои муосир барои ҷавононро ба армуғон оварда буд. Ин дафъа мағоза на фақат барои ҷавонон, балки либосҳои классикӣ, пойафзол ва борхалтаҳои гуногунро ба маъраз гузошт.