ДУШАНБЕ, 24 Sputnik. 26 нафар дар Филиппин қурбонии тӯфони шадиди "Гони" шудаанд, хабар медиҳад рӯзи душанбе РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Франс Пресс.
Ба иттилоъи манобеъи маҳаллӣ теъдоди бештари мардум дар пайи лағжиши теппа ба ӯрдугоҳи истихроҷкунандагони ангишт дар наздикии шаҳри Манкаян дар ҷазираи шимолии Лусон қурбон шудаанд.
"Лағзиши теппа ба коргарон дар панаҳгоҳи муваққатии онҳо фурӯ омадааст. Теппаи лағжидаро борон шустааст", — иқтибос овардааст Франс Пресс аз намояндаи ниҳоди изтирорӣ.
Ба иттилоъи наҷотдиҳандагон аз зери харобазор алаккай 15 ҷасади коргарони фавтида берун оварда шудаанд. Дар ҳамин ҳол иттилоъи дақиқе дар бораи афроди боқимондаи зери харобазор дар даст нест.
Теъдоди атбоъи Филиппин, ки рӯзи душанбе ба паноҳгоҳҳои муваққатӣ мунтақил дода шудаанд, аз 72 ҳазор нафар бештар шудааст. Тӯфон 47 манзили маскуниро комилан ва ҳудуди як ҳазор адад масканро қисман тахриб карда, дар бархе аз манотиқи аҳолинишин интиқоли нерӯи барқ ва омаду рафти васоили нақлияро хатшадор сохтааст. Дар бархе аз вилоёт таълим дар макотиб ва хатсайрҳои ҳавоӣ ба таъвиқ дароварда шуда иртибототи баҳрӣ низ қатъ шудааст.
"Гони" (аз забони куриёӣ — "Уқоб") — дар мавсими ҷорӣ 15-мин тӯфон дар Уқёнуси Ором мебошад. Феълан ин тӯфон дар ҷазирақаламрави ҷопонии Окинава қарор дошта ба самти ҷазираи шимолии Кюсю ва соҳили шарқии нимҷазираи Куриё ҳаракат мекунад. Ба иттилоъи расонаҳои ҷопонӣ дар қаламрави ин кишвар дастикам аз ин тӯфон панҷ нафар қурбон шудаанд.
Шиддати бод дар маркази тӯфони баҳрӣ 180 километр дар соъат аст, вале суръати он дар бархе маворид беш аз 255 километр дар соъат мебошад. Баландии мавҷҳо дар масири тӯфон ба 12 метр расидаанд.
Ҳамасола дар фасли боронгарӣ аз моҳи июн то моҳи декабр ба Филиппин ҳудуди 20 тӯфон ва гирдобҳо таҳдид мекунанд. Аммо сангинтаринаш дар таърихи кишвар тӯфони шадиди "Йоланда" дар авохири соли 2013 буд (тибқи арзёбии байналмиллалӣ "Хайян"). Теъдоди атбоъи Филиппин, ки дар пайи ин офоти табиъйӣ кушта ва ё нопадид шудаанд беш аз 8 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, тӯфонҳои шадид комилан ва ё қисман 1,1 миллион манзилро тахриб карда 4 миллион нафарро бидуни ҷойи зист мондаанд.