ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Алангаи оташсӯзии корхонаи тавлиди лӯлаҳои Nippon Steel, дар наздикии фурудгоҳи Токио ба биноҳои корхонаҳои ҳамшафати тавлиди маводди ороишӣ ва кимиёӣ гузашт, хабар медиҳад РИА Новости рӯзи душанбе бо истинод ба хабаргузории Киодо.
Аз корхонаи Kao Corporation водор шуданд, ки кормандонро ба ҷойи амн мунтақил диҳанд. Ба иттилоъи идораи оташнишонӣ иттилоъе дар бораи қурбониён ва ё осебдидагон дар оташсӯзии корхонаи Nippon Steel & Sumikin Pipe Co.Ltd. дар даст нест. Гурӯҳҳои оташнишон дар маҳалли ҳодиса умури худро анҷом медиҳанд.
Оташсӯзӣ дар яке аз анборҳои корхона оғоз шуда далоили он таҳқиқ мешавад. Nippon Steel & Sumikin Pipe Co.Ltd. қасд дошт дар моҳи ноябр фаъолияти худро қатъ созад ва ба ин далел ба ҳангоми оташсӯзӣ он алаккай фаъол набуд.
Ба иттилоъи вазорати нақлиёти Ҷопон оташсӯзӣ ба парвозҳои ҳавопаймоҳо таъсире нарасонидааст. Дар ҳамин ҳол ба далели ин ҳодисаи изтирорӣ ҳаракати васоили нақлия дар яке аз ҷоддаҳои шаҳри Каваски, ки дар он ҷо корхона воқеъ мебошад, масдуд шудааст.
Ин нахустин садамаи бузург дар Ҷопон дар як шабонарӯзи ахир нест. Қаблан оташсӯзии бузург дар пойгоҳи низомии амрикоӣ дар шаҳраки Сагамихараи Ҷопон рух дод ва дар он ҷо низ осебдидагон набудаанд.