https://sputnik.tj/20150824/1016528415.html
Дар Душанбе беҳтарин ошпазро муайян карданд
Дар Душанбе беҳтарин ошпазро муайян карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палав" рӯзи шанбеи гузашта бо пирӯзии ошпаз аз Қурғонтеппа анҷом ёфт. 24.08.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-08-24T13:30+0500
2015-08-24T13:30+0500
2015-08-24T13:30+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101652/61/1016526182_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_48a5859080752e2660c62dca7516c789.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, фарҳанг, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо
акс, фарҳанг, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо
Дар Душанбе беҳтарин ошпазро муайян карданд
Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палав" рӯзи шанбеи гузашта бо пирӯзии ошпаз аз Қурғонтеппа анҷом ёфт.
Дар даври ниҳоии озмуни "Оши палав" беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат доштанд. Он дар се давр, ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд.
Дар номинатсияи "Оши беҳтарин" ошпаз аз шаҳри Қӯрғонтеппа Карим Ҳалимов пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби "Кафгири тиллоӣ гардид". Баҳодур Додобоев аз шаҳри Хуҷанд "Беҳтарин ошпаз" эътироф шуд.

Даври ниҳоии озмуни "Оши палав" дар боғи "Дӯстии халқҳо" сурат гирифт.

Ҳар як ошпаз имкон дошт дар се дег ош омода кунад.

Ҳар як ошпаз фақат иҷозаи ош кардани 20 кг биринҷро дошт.

Омода кардани ош аз 2 то 3 соат давом меёбад.

Ҳар як ошпаз санъати хос ва ҳунари худро дар омода кардани оши палав истифода мекард.

Тамошобинон на фақат тамошо мекарданд, балки имкони тановули ошру маҳсулоти дигарро ҳам доштанд.

Духтар бо либоси миллӣ дар ҷашнвораи "Оши палав".

Гурӯҳҳои эҷодӣ аз гӯшаву канори Тоҷикистон низ дар ҷашнвораи "Оши палав" ширкат доштанд.

Омода кардани миз аз ҷониби ширкатдорони ҷашнвора.



Намоиши ғизо дар ҷашнвора.

Доварон ба ҳунари ошпазон аз рӯи чанд шарт баҳо мегузоранд.

Рамзи ҷашнвора дар пеши нимтани Фирдавсӣ. Тасмим гирифта шудааст, ки чунин ҷашнвора ҳар сол баргузор шавад.