ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Рӯзи 22 август дар боғи "Дӯстии халқҳо" сокинои 25-солаи шаҳри Душанбе мавриди латукӯби чор нафар қарор гирифта, сипас онҳо ҷабрдидаро бо корд захмӣ кардаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати умури дохила.
Ба қавли манбаъ, дар гулбоғи бо номи "Абулқосим Фирдавсӣ"-и шаҳри Душанбе ҷавони 24-сола, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон судшудааст, ҳамроҳ бо се нафари дигар — ҷавонони 30 ва 22-сола ва ноболиғи 16-сола, "тартиботи ҷаъмиятиро вайрон намуда, ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда, ба қафаси синааш 1 маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд".
Ҷабрдида зарари ҷисмонӣ бардошта, айни ҳол дар беморхона таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.
Нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.