Донишгоҳи Тоҷикистон бори аввал бо сипосномаи ВКХ Ҷопон қадрдонӣ шуд

© wikipedia.org/ЗиёевДонишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯъбаи забони ҷопонии бахши забонҳои шарқии Донишкадаи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода нахустин муъассисае шуд, ки соҳиби Сипосномаи фахрии вазорати корҳои хориҷии Ҷопон мебошад.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон шӯъбаи забони ҷопонии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро бо Сипосномаи фахрӣ қадрдонӣ кард, хабар медиҳад сомонаи сафоратхонаи Ҷопон дар Душанбе.

"Аз замони таъсис дар соли 2002 ин шӯъба ягона муассиса дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аст, ки барномаи вижа омӯзишӣ ба забони ҷопониро дорад", — омадааст дар хабар.

Ба ин тартиб шӯъбаи забони ҷопонӣ ба алоқамандони Ҷопон ва омӯзиши забони ҷопонӣ ҷойҳои омӯзишӣ фароҳам мекунад.

Ин сипоснома эътирофи дастовардҳост.

"Солҳои ахир дар чаҳорчӯби равобити байналмиллалӣ мардуми бештаре дар арсаҳои мухталиф дастовардҳоеро соҳиб шуда ва тақвияти ҳамкории дӯстона миёни Ҷопон ва кишварҳои дигар саҳм мегузоранд", — зикр мекунад маркази матбуъотии сафоратхона.

Аз як сӯ Сипосномаи фахрӣ ба нафарон ва муъассисоте тақдим мешавад, ки барои ба даст овардани нишондодҳои баланд талошҳои зиёде анҷом додаанд, вале аз сӯйи дигар ин сипоснома ба ин маънист, ки ба мардуме, ки дар ин арса талош мекунанд, мусоъидат карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0