Имзои санад – нукта дар баҳси сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Всеволод ТарасевичРӯдхонаи Исфара. Акс аз бойгонӣ
Рӯдхонаи Исфара. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Самарқандак санадеро имзо кардаанд, ки бар асоси он бидуни мамониати марзбонҳо сокинони деҳоти марзӣ ба сарбандҳои оби якдигар дастрасӣ пайдо мекунанд.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Самарқандаки Бодканд санадеро имзо карданд, ки бар асоси он сокинони марзӣ, бахусус миробҳо бе мамониати сарҳадбонону кормандони пулис ба сарбандҳои оби деҳоти якдигар роҳ дода мешаванд, менависад Радиои Озодӣ.

Деҳаи Кок-Тоши ноҳияи Ботканди Қирғизистон. Августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи музокироти марзбонони тоҷику қирғиз дар Исфара

Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, 21 август ба Озодӣ гуфтааст, ин санади ҳамкорӣ дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ ба имзо расидааст.

"Бар асоси ин санад сокинони ду ҷамоати марзӣ, асосан миробҳо, метавонанд дар ҳолати зарурӣ ба сарбандҳои манобеи обии ҳамдигар рафта, бо тақсиму додани об ва тоза намудани каналу ҷӯйборҳо машғул шаванд", — гуфтааст ҷаноби Шарифов.

Вай дар идома афзудааст, ин санад ба марзбонон ва кормандони умури дохилии Тоҷикистону Қирзистон супурда шудааст ва онҳо низ барои иҷрои ин кор ризоят додаанд.

"Ҳамакнун аз рӯи зарурат сокинони ҷамоатҳо метавонанд, аз деҳаҳои якдигар убур карда, кори худро ба сомон расонанд", — илова кардааст Абдухалил Шарифов.

Ба қавли ҳамсӯҳбати Озодӣ, ин бори аввал аст, ки ҷамоатҳои ду навоҳии марзӣ як чунин санадро ба имзо расондаанд ва онҳо бовар доранд, ки ин таҷруба дар навоҳии дигари марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба кор бурда мешавад.

Рустои Чоркӯҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи муноқиша дар марз бо Қирғизистон 7 атбоъи тоҷик осеб диданд

Дар авоили моҳи август дар деҳаи Сомониён даҳҳо сокини Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон ҷамъ шуда, бар сари дастрасӣ ба манобеи об баҳс карданд. Сокинони қирғизнишин роҳи обро ба деҳоти тоҷикнишин баста ва талаб карданд, ки дар иваз роҳи онҳо ба қабристони муштараки ду тараф боз карда шавад. Муноқиша ба сангандозӣ кашид ва баъди ин давоми се рӯз аъзои комиссияи ҳукуматии ҳарду кишвар ба баррасии қазияву роҳҳалҳои он пардохтанд.

Баҳси таъин ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 идома дорад. То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0