ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 20 август ба наврасону кӯдакони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 700 дона туби бозии футбол тақдим кард, менависад сомонаи ин ниҳоди варзишӣ.
"Ба ин муносибат, дар майдони варзишии "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо ширкати кӯдакону наврасон Фестивали футбол баргузор гардид",- омадааст дар хабар.
Дар майдони "Пахтакор" наврасону кӯдакон аз навоҳии Сарбанд, Бохтар, Хуросон ва Ҷомӣ ширкат доштаанд. Дар ҷашнвора рақсу бозиҳои варзишӣ ва бозиҳои омӯзишӣ баргузор кардаанд.
Ба иттилоъи манбаъ, дар интиҳои ҷашнвора ба ҳар як иштирокчӣ як тӯб тақдим гардид. Тӯбҳо аз ҷониби барномаи вижаи Конфедератсияи футболи Осиё "Asian Football Development Project" ва "One World Play Project" тақдим шудааст. Дар фестивали шаҳри Қӯрғонтеппа 350 нафар ширкат кардаанд.
Ҳамчунин, як фестивали дигар дар ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ бо ширкати кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритус, Бешкент баргузор шуда, ба 350 ширкаткунандаи он тӯб тақдим карданд.
ФФТ тасмим дорад то охири соли равон дар минтақаҳои мухталифи кишвар "Ҷашнвораи футбол"-ро роҳандозӣ намояд.