Пешниҳоди бозгардони сомонаи ИФМ Русия ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ

© SputnikСомонаи ИФМ Русия. Акс аз компютер
Сомонаи ИФМ Русия. Акс аз компютер - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилоъи ИФМ ФР бештаре аз муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия атбоъи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Ба ин далел Исмоилов аз ИФМ хостааст, ки қабл аз дигарон қавонини марбут ба муҳоҷират ба ин забонҳо дастрас бошанд.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Фаъоли ҷомеъаи маданӣ Баҳром Исмоилов ба раҳбари Идораи федероли муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский пешниҳод кардааст, ки шакли тоҷикӣ ва ӯзбекии сомонаи ин ниҳод таҳия шаванд, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба рӯзномаи интернетии "Реалное время".

"Атбоъи хориҷӣ ба сурати зарурӣ ба забони русӣ балад нестанд то куллияи иттилоъоти сомонаи ИФМ бифаҳманд ва ба ин далел ғайриихтиёр муртаки ҷароими маъмурӣ мешаванд", — гуфт раҳбари созмони ҷамъиятии "Страна без расизма и ксенофобии" Баҳром Исмоилов.

Истгоҳи қатори Казан дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли 2016 дар Русия низоми ҷадиди муҳоҷиратии “Мир” роҳандозӣ мешавад

Тибқи иттилоъи идораи муҳоҷират бештаре аз атбоъи хориҷӣ дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Ба ин далел Исмоилов аз ИФМ хостааст, ки қабл аз дигарон атбоъи ин ду кишварро бо иттилоъи зарурӣ дар арсаи муҳоҷират таъмин кунанд.

Ба эътиқоди вай ӯзбекон ва тоҷикон маъмулан ба далели надонистани забони русӣ муртакиби ҷароим мешаванд.

"Ба унвони мисол, онҳо дар бораи тағйири низоми будубош дар Русия аз 180 то 90 шабонарӯз танҳо дар марз огаҳӣ меёбанд, ки алаккай вуруди онҳо ба қаламрави Русия мамнӯъ шудааст", — тавзеъ дод Исмоилов.

Дар ҳамин ҳол намояндагони ИФМ Русия изҳор доштанд, ки то якуми декабри соли ҷорӣ шакли англисии сомона фаъол мешавад.

"Дар мавриди шаклҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ин мавзӯъ хеле душвор аст ва сармоягузории изофиро тақозо мекунад", — посух додаанд намояндагони ин ниҳод ба дархости фаъоли ҷомеъаи маданӣ.

Аз 1 январи соли ҷорӣ дар Русия ислоҳот ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии атбоъи хориҷӣ дар Федератсияи Русия" мавриди иҷро қарор гирифтанд. Тибқи онҳо куллияи атбоъи хориҷӣ барои дарёфти муҷаввизи кор бояд санҷишоти забони русӣ, асосҳои қонун ва таърихи Русияро биспоранд.

Танҳо барои ҷавонони зери 18 сола, мардони бузургтар аз 65 ва занони бузургтар аз 60 сола, афроди носолим, мутахассисони варзида ва донишҷӯёни бахшҳои рӯзонаи донишгоҳҳо имтиёз дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0