Ҷаҳиш бо парашют: вақтхушии фавқулоддаи ҷавонони тоҷик

Обуна шудан
Аэроклуби Фахробод соли 1936 таъсис ёфта, дар замони шӯравӣ чанд ҳазор варзишгар ва даҳҳо нафар қаҳрамононро ба камол расондааст. Миёни шӯҳратёрони ин даргоҳ - қаҳрамони 19- каратаи ҷаҳон, ягона одаме, ки 17 ҳазор маротиба бо парашют ҷаҳидааст Юрий Баранов ва Анвар Абдураззоқов, ки шаш ҳазор ҷаҳиш бо парашют дорад.

Бошгоҳи ҳавоӣ дар Фахробод соли 1936 таъсис шуда дар замони шӯравӣ тавонистааст чанд ҳазор нафар варзишгар ва садҳо нафар қаҳрамононро тарбия кунад.

Дар миёни саршиносҳо қаҳрамони 19 карата, танҳо нафаре дар ҷаҳон, ки бо чатр беш аз 17 ҳазор партоб ба фазо кардааст — Юрий Баранов ва Анвар Абдураззоқов, ки низ беш аз панҷ ҳазор маротиба ба фазо партоб кардааст, мебошанд.

Аммо, дар ҳоли ҳозир ягона бошгоҳи ҳавоӣ дар кишвар бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ аст ва маблағе барои харидории маводди сӯхтии навъи 91/1115, ки қимматаш $941 барои як тонна аст, надорад. Маҳз бо ин навъи маводди сӯхтӣ бояд ҳавопаймои қадимаи чатрпартобкунандаи АН-2 парвоз кунад.

Ба ин далел масъулон водор шудаанд, ки ҳавопаймоҳои бошгоҳро, ки феълан миқдорашон панҷ адад аст, бо бензини АИ-95 пур кунанд. Зеро ин навъи маводди сӯхтӣ арзонтар мебошад — $650 барои як тонна.

Вале аз он ҳам сарфа мекунанд, зеро аз дигар ҷо интизори кӯмак нестанд.

Шаш сол қабл раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак ба фаъолияти бошгоҳи ҳавоии "дар ҳоли марг" вазорати молияро муваззаф кард, ки ҳамасола барои харидории маводди сӯхтӣ маболиғе ихтисос бидиҳад. Аммо, ба гуфтаи Маҳмадҷон Раҳимов ин дастур танҳо як маротиба иҷро шудааст…

Ҷаҳонгардии диққатовар дар куллияи ҷаҳон дар ҳоли тавсеъа аст ва Тоҷикистон низ дар ин замина метавонист аз маҳбубияти ҷаҳонгардон бархӯрдор бошад. Мо барои ин амр куллияи шароитро дар ихтиёр дорем — ҳам кӯҳистону ҳам рӯдхонаҳои кӯҳӣ, танҳо пуштибонии давлат нест.

Партоби тими Sputnik, ки мо онро ба наворбардор сабт кардаем, дар ду рӯзи пахшаш дар Facebook ҳудуди 2 ҳазор нафар тамошо карда соҳиби беш аз 200 "мақбул" шудааст.

Бипайвандед ва шумо низ ҷаҳонгардии ватаниро ҳимоят мекунед!

Лентаи хабарҳо
0