Дар мактабҳои Тоҷикистон баҳогузорӣ ба дониши хонандагон тағйир меёбад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкОмӯзгори мактаби миёна аснои дарс. Акс аз бойгонӣ
Омӯзгори мактаби миёна аснои дарс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 20 мактаби таҳсилоти умумӣ таҷрибаи гузариш ба низоми бисёрхолии 12, 20 ва 100-холаро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз ин раванд то 5 соли оянда натиҷагирӣ карда, муайян хоҳанд кард, ки ба кадом намуди баҳодиҳӣ гузаранд.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik.Вазорати маориф ва илми ҶТ нахустин таҷрибаи гузариш ба низоми нави баҳодиҳии бисёрхолӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро  ба анҷом расондааст, менависад ОИ Tojnews.

Дар ин бора рӯзи 20-уми август дар шаҳри Душанбе дар Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба таҳлили якҷояи бахши маориф масъулини соҳа эълон доштанд. Ба қавли онҳо, натиҷаи таҷрибаи нахустинашон муваффақона будааст.

“Ахлоқи ҷинсӣ” ба наврасони тоҷик таълим дода мешавад

"Таҷрибаи нахустини баҳодиҳӣ дар "Литсейи Раҳнамо" дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда буд. Дар ин муассисаи таълимӣ ба фаъолияти хонандагон аз рӯи низоми 100-хола баҳо медоданд".

Дар ҳамин ҳол, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид мегӯяд, гузариш ба низоми бисёрхолии баҳодиҳӣ дар соҳаи маориф ин инқилоб на танҳо дар низоми баҳодиҳӣ, балки дар тамоми соҳаи маориф аст.

"Гузариш ба ин низом кори муаллимро чанд баробар мушкил карда, масъулиятҳои ӯро бештар мегардонад. Лекин гузариш ба ин низом тақозои замон аст",-афзуд вазир.

Тибқи иттилоъи расмӣ айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 20 мактаби таҳсилоти умумӣ таҷрибаи гузариш ба низоми бисёрхолии 12, 20 ва 100-холаро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз ин раванд то 5 соли оянда натиҷагирӣ карда, муайян хоҳанд кард, ки ба кадом намуди баҳодиҳӣ гузаранд.

 

Лентаи хабарҳо
0