ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Беш аз даҳ ширкати бузурги кишоварзии ҳолландӣ дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ҳолланд, ки моҳи октябр дар баргузор мегардад, ширкат менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
Ба қавли сухангӯи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Мукаммал Одинаев, дар ҷараёни ҳамоиш доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ҳолланд масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишварро дар бахши аграрӣ, аз ҷумла чорводорӣ, паррандапарварӣ, тухмипарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, воридоти технологияи муосири кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба баррасӣ мегиранд.
Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон-Ҳоланд бо ибтикори Палатаи савдо ва санотаи Тоҷикистон, дастгирии ҳукумати ҶТ ва мусоидати Сафорати Шоҳигарии Нидерландия дар Қазоқистон гузаронида мешавад.
Ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахши кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дар заминаи он таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои аслии ҳукумат дар ин самт маҳсуб меёбад.
Манбаъ меафзояд, доираҳои тиҷоратии Ҳолланд аз хоҷагиҳои кишоварзию фермерии Тоҷикистон боздид намуда, бо вазъи бахши кишоварзӣ аз наздик шинос мешаванд. Ҳолланд аз зумраи он кишварҳои аврупоист, ки дар бахши аграрӣ ва маҳсулоти ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеъи устуворро касб кардааст.