Даргузашти Ҳунарманди мардумии ИҶШС Лев Дуров дар Маскав

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкШаби эҷодии Лев Дуров. Акс аз бойгонӣ
Шаби эҷодии Лев Дуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аввали моҳи август саломатии ҳунарманд бад шуда, дар беморхона бистарӣ шуд. Пас аз чанд муддати муолиҷа вазъи саломатиаш вахимтар гардида, табибон маризии ӯро илтиҳоби шуш унвон карданд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ҳунарманди саршиноси синамои шӯравӣ ва Русия Лев Дуров имрӯз дар Маскав аз дунё даргузашт, иброз дошт духтари ӯ- Екатерина Дурова ба РИА Новости.

"Лев Константинович соати даҳто кам яки шаби гузашта даргузашт",- гуфт вай.

Дар бораи ба беморхона интиқол ёфтани ҳунарманди маъруф ҳанӯз 7 август иттилоъ расида буд. Пас аз муддате табобат вазъи саломатии Дуров бадтар шуда, духтурон маризиашро илтиҳоби шадиди шуш ташхис карданд.

Актёри рус, таҳиягар, Ҳунарманди мардумии ИҶШС (СССР) Лев Дуров 23 деккабри соли 1931 дар Маскав ба дунё омадааст. Хонаводаи онҳо ба сулолаи машҳури сиркчиён пайвандӣ дорад. Соли 1967 Дуров ба театри драмавии Маскав дар Броннийи кӯчак (Малой Бронной) шомил гардид. Лев Дуров шурӯъ аз соли 1954 дар синамо беш аз 160 нақшҳои мухталифро бозӣ кардааст.  

Лентаи хабарҳо
0