Гулпарвари 19-сола ба "Харитаи зебоӣ" роҳ ёфт

© SputnikАкси Мунира Мирзоева дар саҳифаи фейсбукии Михаэл Норок
Акси Мунира Мирзоева дар саҳифаи фейсбукии Михаэл Норок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар миёни даҳҳо бонуи зебо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба лоиҳаи “Харитаи зебоӣ” аз Тоҷикистон акси духтаре роҳ ёфтааст, ки аз ӯ дар ин харита “зеботарин кӯчарӯб” ном бурдаанд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Акси духтари 19-солаи гулпарваре аз Душанбе ба лоиҳаи "харитаи зебоӣ", ки бо ибтикори аккоси руминиягӣ роҳандозӣ шудааст, роҳ ёфтааст, омадааст дар саҳифаи фейсбукии аккос Меҳоил Норок.

"Харитаи зебоӣ" як лоиҳаи интернетиест. Муаллифи лоиҳа бо дурбини худ ба сайри ҷаҳон баромада, мехоҳад зеботарин чеҳраҳоро аз ҳар гӯшаи дунё аксбардорӣ кунад ва баъди анҷоми сафар ин аксҳоро дар шакли китоб ба нашр расонад. Моҳе қабл чеҳраи Мунира Мирзоева, духтари гулпарвар аз Душанбе ба дурбини суратгир афтод, ки ин дафъа Тоҷикистонро макони сафар интихоб кард.

Ин акси Мунира, ки дар саҳифаи фейсбукии Меҳоил Норок бо зернавишти "Кӯчарӯби зебои Душанбе" нашр шудааст, дар чанд соати аввал ҳазорҳо "лайк" овардааст. Азбаски либос ё камзӯли кории роҳрӯб ва гулпарварон дар Душанбе якранг аст, аз ин рӯ суратгир ӯро "кӯчарӯб" пиндоштааст.

Мунира Мирзоева
Мунира Мирзоева - Sputnik Тоҷикистон
Мунира Мирзоева

Аммо худи Мунираи 19-сола, ки дар бахши кабудизоркунии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кор мекунад, аз ситоиши зебоиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аслан хабар надорад, менависад Радиои Озодӣ. Ӯ ноновари аслии хонаводаи 7-нафарааш аст ва тамоми рӯзаш ба ороиши гулгашту хиёбонҳои Душанбе сипарӣ мешавад.

Вай гуфтааст, ки фарзанди бузурги хонадон аст ва 4 бародари дигар дорад. Шароити бади молии хонавода ӯро гулпарвар кард. Мунира мегӯяд, нонашро бо арақи ҷабин ҳалол мекунад, вале аз ин машғулияташ ифтихор дорад. Мунира, ҳамон тавре, ки дар акси "Харитаи зебоӣ" тасвир шудааст, бо вуҷуди он ки дасташ ҳамеша олуда ба обу лой аст, ба зоҳири худ таваҷҷӯҳ мекунад ва мутмаин аст, ки  зан новобаста аз хусусияти кораш, бояд ҳамеша тозаву зебо бошад.

"Шояд ҳамин одатам буд, ки диққати он зани хориҷӣ ба ман афтид ва хоҳиш кард чанд аксамро бигирад. Рӯзе, ки ҳамин аксро бардоштанд, мо каме аз кор таннафус карда, бо духтарон сӯҳбат доштем. Он суратгир ҳам наздамон омаду хоҳиш кард аксамро бигирад. Гуфт, барои як барномааш лозим аст", — гуфтааст Мунира. 

Мунираи 19-сола танҳо духтаре нест, ки аз Тоҷикистон диққати аккосро ба худ ҷалб кардааст. Меҳоил ҳангоми гузаштан аз ҳудуди Тоҷикистон даҳҳо чеҳраҳои дигарро ҳам аксбардорӣ кардааст, аммо дар саҳфаи фейсбукиаш дӯстон маҳз акси Мунираро барои нашр дар китоби ояндааш тавсия кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0