ВАО: ҷангиёни ДИ дар Палмира сари бостоншиносро аз тан ҷудо карданд

© Sputnik / Александр Макаров / Гузариш ба медиабонкХаробаҳои шаҳри қадимаи Палмира. Акс аз бойгонӣ
Харобаҳои шаҳри қадимаи Палмира. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Холид Асъади 82-сола, ки тайи 50 соли ахир масъулияти сарпарастии осорхонаи шаҳри Палмираро ба дӯш дошт, аз ҷониби ҷангиён ба қатл расид.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Гурӯҳе аз ҷангиёни мусаллаҳи "Давлати исломӣ" (ДИ) сари Холид Асъад, бостоншинос ва сарпарасти осорхонаи шаҳри Палмираи Сурияро бурида, ҷасадашро дар майдони марказии шаҳр овезон кардаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Рейтер.

Ба иттилоъи манбаъ, Холид Асъад муддати бештар аз 50 сол сарпарастии осорхонаи шаҳри Палмираро ба зимма дошт. Рӯзе қабл хонаводаи ӯ ба созмони бостоншиносии Сурия хабари сар бурида шудани ӯро расондааст. Гуфта мешавад, ки ӯ моҳе қабл аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ боздошт ва таҳти бозпурсӣ қарор дошт.

ВКД: “ДИ” қасди анҷоми чанд амали террористӣ дар Тоҷикистонро дошт

"Холид Асъадро дар Сурия на чун як роҳбари осорхонаи бостоншиносӣ мешиносанд, балки пажуҳишгаре медонанд, ки бо мақолаҳои зиёди таҳқиқотиаш аз таърихи Палмира шӯҳрат ёфта буд. Акнун тасаввур кунед, ки ҷангиёни ДИ чӣ амали ваҳшиёнаеро анҷом доданд",- гуфтааст сарвари хадамоти бостоншиносии Сурия Маъмун Абдулкарим.

Палмира аз қадимтарин шаҳрҳои Сурия буда, боқимондаҳои тамаддуни қарни дуввуми қабл аз милоди Ховари Миёна ва Рум дар ин шаҳр ёфт ва нигаҳдорӣ мешуданд. Дар замони равнақи "Роҳи бузурги абрешим" Палмира яке аз шаҳрҳои обод ва маркази тиҷорат ба ҳисоб мерафт. Дар гузашта ин шаҳрро мантақаи транзитӣ низ ном мебурданд.

Моҳи июни гузашта ин шаҳр комил ба дасти неруҳои "Давлати исломӣ" гузашт ва гурӯҳи тахрибкори он шаҳри қадимаро бо бузургтарин осорхонаҳояш валангор намуд.

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар ҳоли ҳозир бузургтарин таҳдид ба амнияти ҷаҳон талаққӣ мешавад. Тайи се соли ахир ҷангиёни "ДИ" аз нисф бештари қаламрави Ироқ ва Сурияро зери назорат гирифта, хатари паҳншавии он ба кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз ҷумла Либиё истисно намебошад.

Лентаи хабарҳо
0