ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҷоддаи Хоруғ-Қулма, ки аснои селу обхезиҳо дар моҳи июл тахриб шуда буд, то ҳафтаи оянда таъмиру барқарор мешавад, иттилоъх медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба як манбаъ дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Бар асари офтаи табиӣ 4 километри роҳи мазкур тахриб гардида буд, ҳоло 70 дарсади он барқарор шуда, умури бозсозӣ босуръат идома дорад.
"Барқарорсозии ҷодда ба таври шабонарӯзӣ идома дорад. Интизор меравад то ҳафтаи оянда он анҷом ёфта, комиссияи Вазорати нақлиёт иншоотро қабул мекунад", — иброз доштанд дар вазорат.
Дар ҳоли ҳозир роҳи дигар тариқи Хоруғ-Ишкошим-Тусқул мавриди истифода аст, аммо масофаи ин ҷодда аз шоҳроҳи Хоруғ- Қулма 124 километр бештар аст.
Моҳи июли соли равон бар асари сел дар деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон маҷрои дарёи Ғунд баста шуд. Дар натиҷа кӯли калони сунъӣ ба вуҷуд омада, роҳи мошингард зери об монд.