Низомиёни тоҷик дар Гузари Пирӯзӣ дар Чин ширкат мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевГузари Пирӯзӣ дар Душанбе
Гузари Пирӯзӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Чин 3 сентябр маросими расмии пирӯзӣ бар фашизм ва миллатгароиёни ҷопонӣ баргузор мешавад. Дар гузари низомӣ дастаи посбонони фахрии вазорати дифоъи Тоҷикистон низ ширкат мекунад.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дастаи посбонони фахрии вазорати дифоъи ҶТ ба Чин барои ширкат дар гузари низомии 3 сентябр дар Пекин, дар майдони Тянанмэн эъзом шудааст, хабар медиҳад CA-NEWS бо истинод ба вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

"Дастаи фахрии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон якҷо бо ҳамтоён аз артишҳои кишварҳои дигари ҷаҳон дар маҳалли баргузории гузари низомӣ то 3 сентябр тамрин мегузаронанд", — омадааст дар хабар.

Дар ин маросим Раиси Чин Си Тсзинпин ва мақомоти дигари сиёсии кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъвати мақомоти Чин барои ширкат дар ин маросимро пазируфтааст. Дар авоили моҳи сентябр раҳбари кишвар озими Чин хоҳад шуд. Маросими таҷлил аз 70-мин солгарди пирӯзӣ бар фашизм ва миллатгароёни ҷопонӣ дар пойтахти Чин баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0