Президент: Тоҷикистону Афғонистон садсолаҳо бо ҳам дӯстанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Уфа. 9 июли соли 2015
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Уфа. 9 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афғонистон имсол аз 96-умин солгарди истиқлолияти давлатии худ таҷлил мекунад. Ба ин муносибат дирӯз, 18 август дар шаҳри Душанбе, дар сафорати Афғонистон ҳамоише бо ширкати намояндагони корпусҳои дипломатии муқими пойтахт баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 19 август бо ирсоли як барқия унвонии ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ӯ ва тамоми мардуми давлати исломиро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлолияти он кишвар табрик гуфт, иттилоъ медиҳад сомонаи президенти Тоҷикистон.

Дар номаи Раҳмон аз ҷумла омадааст, Тоҷикистон ва Афғонистон тӯли садсолаҳо ҳамчун ҳамсоягони нек ва кишварҳои дорои равобити дерини дӯстона ва пайвандҳои маҳкам зиндагӣ доштанд ва чунин хоҳанд монд.

"Мо ба ин суннати бузурги таърихӣ содиқем ва густаришу таҳкими равобит бо Афғонистонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем. Мо аз раванди густариши равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст қаноатмандем. Бунёди сиёсиву ҳуқуқии равобит ва ҳамкории мо таҳким ёфта, соҳаҳои ҳамкорӣ тавсеаи бештар меёбанд".

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аслов ҷонибдори пайвастани Афғонистон ба СҲШ аст

Ҳамчунин, дар барқия навишта шудааст, ки Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд.

"Дар марҳилаи имрӯзаи ҳассос ва сарнавиштсози Афғонистон, мо мисли пешин хоҳони таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор дар ин кишвари бародар буда, дар симои он як сарзамини осудаву мутараққиро диданием ва барои ин мақсад аз ҳеҷ кӯшише дареғ нахоҳем варзид".

Ёдрас менамоем, Афғонистон имсол аз 96-умин солгарди истиқлолияти давлатии худ таҷлил мекунад. Ба ин муносибат дирӯз, 18 август дар шаҳри Душанбе, дар сафорати Афғонистон ҳамоише бо ширкати намояндагони корпусҳои дипломатии муқими пойтахт баргузор шуд. Дар он вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов ширкат ва суханронӣ кард.

 

Лентаи хабарҳо
0