БИР эҳдоси нерӯгоҳҳои кӯчак дар Тоҷикистонро анҷом медиҳад

© Flickr \ Davide CostanzoЧархаи нерӯгоҳи обӣ. Акс аз бойгонӣ
Чархаи нерӯгоҳи обӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 300 адад нерӯгоҳҳои кӯчак дар Тоҷикистон бештар аз 240 ададаш дар солҳои истиқлоли кишвар бунёд шудаанд. Аз ин миқдор нерӯгоҳҳо 170 ададаш ба далели камбуди об дар фасли зимистон фаъол нестанд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тарҳи эҳдоси нерӯгоҳҳои кӯчак, ки онро Бонки исломии рушд иҷро мекунад, дар ҳоли анҷомёбист, менависад АМИТ Ховар бо истинод ба ширкати "Барқи тоҷик".

Нерӯгоҳи кӯчаки "Тоҷ" дар ноҳияи Шаҳринав охирин аз ҳашт нерӯгоҳҳои кӯчакест, ки дар чаҳорчӯби тарҳҳои БИР дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.

Минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар рӯдхонаи Панҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди Оқохон дар Бадахшон НБО месозад

"Мавриди истифода қарор додани охирин нерӯгоҳи кӯчак дар поёни моҳи августи соли ҷорӣ дар назар аст. Умури насби таҷҳизот ва пайвастани нерӯгоҳи "Тоҷ" ба низоми воҳиди энержии кишвар тақрибан анҷом шудаанд. Эҳдоси нерӯгоҳҳои дигари марбут ба ин тарҳ комилан анҷом шудааст", — гуфтанд дар ширкати энержӣ.

Нерӯгоҳҳои кӯчак дар навоҳии Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷирғатол, Балҷувон ва Турсунзода бунёд шудаанд.

Хабар дода мешавад, ки дар Тоҷикистон 300 адад нерӯгоҳҳои кӯчак эҳдос шудаанд, ки бештар аз 240 ададаш дар солҳои истиқлоли кишвар арзи ҳастӣ кардаанд. Аз ин миқдор нерӯгоҳҳо 170 ададаш дар фасли зимистон фаъол нестанд.

"Мушкил ин аст, ки нерӯгоҳҳое, ки фаъол нестанд, дар маҳаллоте бунёд шудаанд, ки дар фасли зимистон дар он ҷо барои фаъол будани нерӯгоҳҳои оби кофӣ вуҷуд надорад", — тавзеъ доданд дар ширкат.

Сохтмони нерӯгоҳҳои кӯчак дар Тоҷикистон идома дорад, зеро ҳукумати кишвар "Барномаи дарозмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои кӯчак дар солҳои 2009-2020"-ро тасвиб карда ва тибқи он дар кишвар боз 190 адад нерӯгоҳҳои кӯчак бояд бунёд шаванд.

Лентаи хабарҳо
0