ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тавре сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон менависад, бар асари чаппа шудани пораи кӯҳ се сокини ноҳияи Хуросон қурбон шудаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 17 август тахминан соати 18:30 вақте се марди синну солашон 22, 30 ва 35-солаи Хуросон дар ҷамоати деҳоти Фахробод ба сангкафонӣ машғул буданд, теппакуҳ болояшон чаппа мешавад.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ онҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.