Пешниҳоди “China Smart City Technology”: Душанбе “шаҳри оқил” шавад

© wikimedia.orgДушанбе
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ин замон дар ҳеч яке аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон ин тарҳ амалӣ нашудааст, дар сурати пиёда гардидани пешниҳод Душанбе нахустин “шаҳри оқил”-и минтақа хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар мулоқоти муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов бо ҳайате аз ширкати чинии "China Smart City Technology" барномаи бунёди "шаҳри интеллектуалӣ" ва ё ба истилоҳ "шаҳри оқил" дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон баррасӣ шудааст, менависад торнамои расмии БМТ.

Ба иттилоъи манбаъ, намояндагони ширкати "Smart City Technology" мехоҳанд, пойтахти Тоҷикистон ҳам "шаҳри интеллектуалӣ" шавад.

Раиси ширкати "China Smart City Technology" Ҷим Ние дар мулоқот гуфтааст, ки корхонааш метавонад, ин барномаи марбут ба фанновариҳои пешрафтаро дар Тоҷикистон амалӣ кунад. Ба назари ӯ, мунсаҷим кардани истифода аз низоми бонкии Тоҷикистон ва хадамоти дигар, амсоли харидуфӯш, анҷоми муқаррароти гумрукӣ, воридот ва содироти мол ва амалиётҳои дигари иқтисодӣ тавассути танҳо як корти интеллектуалиро муяссар мегардонад.

Қароргоҳи боғи-тиҷоратии Румянтсево - Sputnik Тоҷикистон
Дурбинҳои “Шаҳри бехатар” қонуншикании зиёдро сабт карданд

Дар ҳамин ҳол, раҳбари хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин танҳо баррасии муқаддамотии пешниҳоди ширкати Чин буд, ки бояд акнун омӯхта шавад.

"Ин пешниҳод ҳоло танҳо дар марҳалаи баррасиҳои муқаддамотӣ қарор дорад. Ҷониби ширкати Чин дар мулоқот бо муовини раиси Бонки миллӣ пешниҳодҳои худро дод ва ҷониби Тоҷикистон бояд акнун ин пешниҳодҳоро биёмӯзад. Тасмими ниҳоӣ дар бораи сохтан ё насохтани "шаҳри интеллектуалӣ" дар ҷараёни музокираҳои баъдӣ, дар пайи таҳқиқи пурраи масъала гирифта хоҳад шуд",-илова кардааст ӯ.

"Шаҳри интеллектуалӣ" ё "шаҳри оқил" шабакаест, ки тамоми низоми шаҳрдорӣ, бо шумули пардохти тамоми хидматҳояш тавассути фановариҳо ва асосан аз тариқи Интернет анҷом мешавад. Ин шабака тамоми маълумот дар бораи ниҳодҳои шаҳрдорӣ, аз ҷумла хадамоти обу газу барқ, мактаб, низоми бонкӣ, тандурустӣ ва соҳоти дигарро дар як махзани умумӣ гирд меорад ва барои ҳар сокини шаҳр ҷиҳати истифода аз ин хадамаҳо ва анҷоми пардохтҳо, аз ҷумла барои супурдани пули газу барқ, як корти алоҳида дода мешавад.

Ба иттилоъи расида, "Шаҳри интеллектуалӣ" дар ҳоли ҳозир дар чандин кишвари дунё, аз ҷумла дар шаҳрҳои аҳолиашон аз 30 миллион бештари Чин озмоиш шудааст ва   дар назар аст, ба зудӣ беш аз 300 шаҳр дар он кишвар соҳиби чунин "шаҳри оқил" бишаванд.

То ин замон дар ҳеч яке аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон ин тарҳ амалӣ нашудааст, дар сурати пиёда гардидани пешниҳод Душанбе нахустин "шаҳри оқил"-и минтақа хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0