ВКД дуздеро боздошт кард, ки ними умрашро дар зиндон гузаронидааст

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкБоздоштшуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ
Боздоштшуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳасан Шодиеви 54-сола қаблан 4 маротиба маҳкум шуда, 25 соли ҳаёти худро дар зиндон гузаронидааст.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 54-солаи ноҳияи Истиқлол хабар дод, ки дар гузашта нисфи умрашро дар маҳбас гузарондааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Ба навиштаи манбаъ, дастгиршуда- Ҳасан Шодиев, сокини ноҳияи Истиқлоли вилояти Суғд буда, баъди дуздии як нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе боздошт гардидааст. Номбурда аз як саррофии пойтахт, ки дар наздикии маҳаллаи 82-юм ҷойгир аст, ду ҳазор долларро рабудааст.

"Камераҳои мушоҳидавии ин нуқтаи мубодилаи асъор ба кормандони милиса имконият дод, то шахсияти гумонбар маълум карда шавад",- меафзояд манбаъ.

Ба иттилои расида, Ҳасан Шодиеви 54-сола қаблан 4 маротиба маҳкум шуда, 25 соли ҳаёти худро дар зиндон гузаронидааст.

Дар қиболи боздоштшуда тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то кунун 50 ҳолати дуздии ӯ исбот гардидааст, тафтишот бошад дар ин самт идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0