Нахуствазири Тайланд: шахсияти тахрибкор шиносоӣ шуд

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкБангкок
Бангкок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фоҷиа дар маркази сайёҳӣ ва тиҷоратии пойтахти кишвар ба вуқӯъ пайваст. Бар асари инфиҷори рӯзи душанбе дар ин маҳалла чор табааи хориҷӣ: се шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Филиппин низ ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Шахси гумонбар, ки эҳтимолан дар инфиҷори маркази тиҷоративу сайёҳии Бангкок даст дорад, шиносоӣ шуд, иброз дошт нахуствазири Тайланд Прают Чан-Оча.

Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс, дар пайи таркиш 21 нафар қурбон шудаанд. Вазорати умури дохила мегӯяд, теъдоди осебдидагон ба 123 тан расидааст.

Таркиш дар Бангкок: 20 нафар ҳалоку 123 тани дигар ҷароҳат бардоштанд

"Имрӯз дар наворҳо гумонбар пайдо шудааст, аммо ҳоло ин аниқ нест. Мо ин ҷавонро ҷустуҷӯ дорем",- иттилоъ медиҳад оҷонсӣ бо такя ба суханони сарвазир.

Нахуствазир афзуд, шояд ин ҷавон узви "гурӯҳи зиддиҳукуматӣ аст, ки дар шимолу шарқи Тайланд таъсис ёфтааст".

Таркиш дар назди як макони муқаддаси ҳиндуҳо дар Бангкок, пойтахти Таиланд, дастикам 21 кушта ва ҳудуди 123 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳанӯз касе масъулияти таркиш дар мазори Эраванро, ки дар як маркази Бангкок дар атрофи меҳмонсароҳои пуршукӯҳ воқеъ мебошад, бар дӯш нагирифтааст.

Бар асари инфиҷори рӯзи душанбе дар ин маҳалла чор табааи хориҷӣ: се шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Филиппин низ ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи маълумоти пулиси Тайланд ва вазорати варзишу ҷаҳонгардии ин кишвар миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия нестанд.

Лентаи хабарҳо
0