Комиссияи аврупоӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 56 ҳазор евро кӯмак мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевАвоқиби селоб дар рустои Бедак
Авоқиби селоб дар рустои Бедак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боронҳои шадид ва обшавии пиряхҳо аз 1 то 22 июл ба селобҳо ва обхезиҳо дар ВМБК ва водиии Рашти Тоҷикистон мунҷар шуданд. Офати табиӣ ба 929 хонавода хисорот ворид сохт ва ҳамакнун онҳо аз дастрасӣ бо об ва нерӯи барқ маҳруманд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Барои кӯмак ба осебдидагони селобҳо ва обхезиҳои фоҷиабор дар Тоҷикистон Комиссияи Аврупоӣ 380 ҳазор сомонӣ ё 56,08 ҳазор евро ихтисос медиҳад, омадааст дар баёнияи намояндагии Комиссияи Аврупоӣ дар кишвар.

Кӯмак умдатан аз кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии бештар осебдидаи вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳистон ва водии Рашт иборат хоҳад буд.

"Тасмими ихтисоси кӯмак бар пояи арзёбии дақиқи ниёзҳо, ки якҷо бо шарикон аз REACT — Гурӯҳи арзёбии сареъ ва ҳамоҳангсозӣ дар шароити ҳаводиси изтирорӣ сурат анҷом дода шудааст, гирифта ҳуд. Дар арзёбӣ ҳамчунин ниҳодҳои марбути изтирории Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалӣ дар ин кишвар мушорикат кардаанд", — зикр шудааст дар баёния.

Последствия схода сели в селе Бердак. 23 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Офати табиӣ дар Бедак: агар шаб мебуд...

Маболиғе, ки тавассути Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тавзеъ мешавад, ба 150 хонаводаи ВМБК ва водии Рашт хаймаҳо ва маводди ғайриғизоӣ назири болинҳо, болиштҳо, зарфҳо барои об, васоили сохтмонӣ ва ҷиҳози хона, маводди беҳдоштӣ ва таблиғотии тарзи солими зиндагӣ фароҳам месозад.

Боронҳои шадид ва обшавии пиряхҳо аз 1 то 22 июл ба селобҳо ва обхезиҳо дар ВМБК ва водиии Рашти Тоҷикистон мунҷар шуданд. Офати табиъйӣ ба 929 хонавода хисорот ворид сохт ва ҳамакнун онҳо аз дастрасӣ бо об ва нерӯи барқ маҳруманд.

Бинои ВКХ ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи ҶТ: $100 миллион ҳаҷми хисороти офати табиӣ

200 манзил ва 72 сохтмон, пулҳо, хутути интиқоли нерӯи барқ, ҷӯйборҳои обёрӣ, низоми обрасонӣ ва зербаноҳои дигар тахриб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи баёнияи аз сӯйи ВКХ Тоҷикистон тавзеъшуда маблағи хисорот аз офоти табиъйӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ $100 миллион арзёбӣ мешавад.

Куллияи матолиб дар ин робитаро ин ҷо бихонед>>

Лентаи хабарҳо
0