Украина охирин даъват ба суфуфи артиш дар соли 2015-ро анҷом медиҳад

© Sputnik / Евгений Котенко / Гузариш ба медиабонкМавҷи чаҳоруми эъзом ба суфуфи артиши Украина. Акс аз бойгонӣ
Мавҷи чаҳоруми эъзом ба суфуфи артиши Украина. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавҷҳои навбатии даъватҳо ба суфуфи артиш дар назар нестанд, вале вазорати дифоъ баъйид намедонад, ки вобаста ба вазъият дар шарқи кишвар эҳтимол дорад мавҷҳои “ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳуми” даъват ба артиш эълом шаванд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Киев марҳилаи севвуми даъват ба артиш дар соли 2015 ва мавҷи шашуми даъвати қисмӣ ба суфуфи артишро анҷом дод.

Киев аз соли 2014 аз таҷрибаи даъвати қисмии низомиён барои ширкат дар амалиёти вижа дар шарқи Украина алайҳи ҷудоихоҳони ҷамоҳири худмухтори мардумии Донетск ва Луганск истифода мекунад.

Ба суфуфи артиш мардони аз 25 то 60 сола, ки аз тахассусоти низомӣ бархурдоранд, даъват мешаванд. Ин амр ба далеле сурат мегирад, ки артиши Украина, ки баъд аз эъломи истиқлол аз сармоягузории зарурӣ бархурдор набуд, барои иҷрои амалиёти судманди низомӣ қодир нест.
Дар ҷараёни се давраи даъват дар соли 2014 ба суфуфи артиш ҳудуди 100 ҳазор нафар эъзом шуданд ва дар натиҷа теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз 130 ҳазор нафар то 232 ҳазор нафар афзоиш ёфт.

Петр Порошенко аз воҳиди низомии Гвардияи миллӣ дар наздикии Киев дидан кард. - Sputnik Тоҷикистон
Порошенко: дар марз теъдоди “бузург"-и низомиёни рус қарор доранд

Дар соли 2015 низ се давраи даъват ба суфуфи артиш сурат гирифта ин раванд тақрибан бидуни таваққуф ҷараён дорад. Мавҷи аввал аз 20 январ то 19 апрел, давраи дуввум аз 19 апрел то 19 июн идома доштанд. Марҳилаи севвум 19 июн оғоз шуда ва ҳамчуноне, ки схуангӯйи ситоди кулли артиши Украина Владислав Селезнев ба РИА Новости гуфт, 17 август анҷом меёбад.

Ҳамзамон бо раванди даъват ба суфуфи артиш низомиёне, ки дар марҳилаи қаблӣ дар соли 2014 ба хидмат эъзом шуда буданду як сол дар нерӯҳои мусаллаҳ буданд, ҷавоб мешуданд. Ба ин тартиб мақомот табодули низомиёнро таъмин мекард.

Низомиён иттилоъи комил дар бораи раванди даъват ба суфуфи артишро ифшо намекунанд, зеро дастрасӣ ба ин иттилоъ маҳдуд мебошад. Вале мусаллам аст, ки дар маҷмӯъ дар назар буд дар соли 2015 ба суфуфи артиш ҳудуди 104 ҳазор нафар эъзом шаванд ва теъдоди умумии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар бояд то 250 ҳазор нафар афзоиш биёбад.

Лентаи хабарҳо
0