ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон супориш додааст, ки ҳуҷҷатҳои нобудшудаи сокинони аз офатҳои табиӣ дар Бадахшон зарардида, барқарор гардад, менависад АМИТ Ховар.
Раҳимзода баъд аз сафари хизматӣ ба вилояти Бадахшон ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии зарардидагони офати табиӣ ин супоришро додааст.
Далер Чоршанбиев, сухангуи Раёсати Вазорати дохилӣ дар Бадахшон ба Ховар гуфтааст, феълан аз 108 нафар шаҳрвандоне, ки бар асари офати табиӣ бе шиноснома монданд, изи дасти 103 нафар гирифта шуда, наздик ба 20 нафарашон соҳиби шиносномаи миллӣ гардидаанд.
Гармои камсобиқаи даҳаи охири моҳи июл боис ба болоравии сатҳи оби рудхонаҳои кишвар шуд, ки дар натиҷаи фаромадани ярчу сел даҳҳо манзили сокинонро тахриб ва ҷони 7 нафарро рабуд. Аз ҷумла 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва як нафар дар ноҳияи Рашт кушта шудаанд.