ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи шанбе барпо гардиданд, "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бо "Регар-ТадАЗ" рақобат кард, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт ва дар мусобиқаи имсола "Истиқлол" барои аввалин бор аз ду имтиёз бенасиб монд.
Бозии дигари марказии даври навбатӣ, ки дар варзишгоҳи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат миёни дастаҳои "Хайр" ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд сурат гирифт, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.
Ба иттилоъи манбаъ, тими "Барқи тоҷик"-и Душанбе ба дарвозаи дастаи меҳмон — "Вахш"-и Қӯрғонтеппа ду голи беҷавоб зад. "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан дар майдони худ бозиро бо "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ ССКА "Помир"-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали мусобиқа "Истиқлол" бо 34 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. "Хуҷанд" бо 27 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. "Равшан" бо 23 имтиёз ба ҷойи севвум баромад.